СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар партави Соли маърифати ҳуқуқӣ зери унвони «Ҷавонон зидди терроризм, экстремизм ва кибертерроризм» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода дар бораи сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ сухан гуфт.
Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри наврасону ҷавонон ҳама шароит барои омӯзиши донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ муҳайё гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар яки онҳоро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳимояи марзу буми давлатӣ ва манфиатҳои давлатӣ саҳм гузоранд.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм», «Таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир», «Субъекти ҷавобгарии ҷиноятӣ барои терроризм, экстремизм ва кибертерроризм» ва «Мафҳум ва моҳияти кибертерроризм» маъруза намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






