СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа роҳҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иштирокдорони ҷаласа қабули Фармони Президенти мамлакатро дар хусуси Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки амалигардонии ин фармон ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва тақвияти волоияти қонун нақши муассир мегузорад.
Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9 марти имсол баён намуданд, таклифҳои судманд пешниҳод карданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа доир ба Соли маърифати ҳуқуқӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳо, хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз табодули назар карда шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар яки мо бояд баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, худшиносӣ, арзишҳои маънавӣ саъй намуда, барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва раванди бунёдкорӣ ба камол расонидани насли наврас устуворона қадам гузорем.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






