ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 апрел, якшанбе, 119-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 28, 2024 08:00

28 апрели соли 2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мубориза бар зидди маблағгузории терроризми байналмилалӣ ҳамроҳ шуд.

*** 

28 апрели соли 2011 ба муносибати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» бо ташаббуси  намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид ҷамъомади илмӣ доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Тоҷикистон Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн таъсис ёфт.

***

28 апрели соли 2010 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Президенти  мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи панҷуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои саромоягузорӣ доир гардид.

 ***

 28 апрели соли 2016  рамзи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби  Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод  гардида буд, тасдиқ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар ноҳияи Синои пойтахт  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино санги асос гузоштанд.

***

28 апрели соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 ***

28 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара  марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи  «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»-ро ифтитоҳ намуданд.

***

28 апрели соли  2023  Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

28 АПРЕЛ:

Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат.

***

Рӯзи ҷаҳонии духтури ҳайвонот (байтор).

Апрель 28, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш