ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 апрел, панҷшанбе, 95-умин рӯзи соли 2024 аст
4 апрели соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расониданд.
***
4 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби калони Президенти Бонки ҷаҳонӣ Каушик Басуро ба ҳузур пазируфтанд.
***
4 апрели соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм Президенти Кумитаи миллии олимпӣ интихоб гардиданд.
***
4 апрели соли 2014 дар шаҳри Қайроққум (ҳозира Гулистон)-и вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди хати 220-киловолтаи интиқоли неруи барқи Қайроққум-Ашт оғоз бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон ва Австрия, ки ба тавсеаи ҳамкории иқтисодии ду давлат ва ҷалби сармоягузорони Австрия дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни бахши иқтисодиёти Тоҷикистон равона шудааст, баргузор гардид.
***
4 апрели соли 2018 Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул гардид.
***
4 апрели соли 2022 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни корҳои васлкунии таҷҳизоти навбатии 3 ва 4-уми коргоҳҳои бофандагӣ, рангу бори матоъ ва дӯзандагии ҶСП «Чунтай — Данғара син силу Текстил», воқеъ дар деҳаи Корез шинос гардид
***
4 апрели соли 2023 дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуд.
4 АПРЕЛ:
Рӯзи Интернет.
***
Рӯзи Веб-барномасозон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Бурҳон Раҳмон— соли 1934 -ровии шинохтаи телевизион ва радио