Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд

Апрель 18, 2024 09:28

ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат ва сармоягузорӣ дар мулоқоти  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон Лазиз Қудратов дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар Вазорати саноат ва технологияҳои  нави ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мулоқот дар доираи омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир шуда, мусоҳибон масъалаҳои мубрамеро, ки ба таҳкими ҳамкории ду давлат муосидат менамоянд, муҳокима намуданд.

Шералӣ Кабир ва Лазиз Қудратов омодагиашонро ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни саноат, танзими нишастҳои соҳибкорӣ ва мусоидат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусии ҳарду давлат иброз намуданд.

 АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 18, 2024 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид