Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи шадид дар Тайван ба 13 нафар расид
ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагони заминларза, ки бо шиддати 7,3 дараҷа дар Тайван рух дод, ба 13 нафар расидааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Kazinform бо истинод ба «Синхуа» хабар додааст.
Ҷасади як нафар зани 21-сола, ки ҳангоми заминларза дар боғи Тароко, воқеъ дар назди воҳиди маъмурии Хуалян сайру гашт менамуд, ёфт шуд.
Боз се нафари дигар дар боғ гумшуда ҳисобида мешаванд.
Тибқи маълумоти хадамоти обуҳавошиносии маҳаллӣ, то нисфирӯзии шанбе пас аз заминларза зиёда аз 600 пасларзаи такрорӣ сабт шудааст.
Ёдовар мешавем, ки заминларзаи шадид рӯзи чоршанбе соати 07:58 дар соҳили баҳр, дар наздикии воҳиди маъмурии Хуаляни Тайван рух дод.
Акс: CNA








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






