Тоҷикистон ва Чин масъалаҳои татбиқи ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ намуданд

Апрель 4, 2024 14:06

ДУШАНБЕ, 04.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои амалӣ намудани ҳамкорӣ байни якчанд беморхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самтҳои ҷарроҳӣ, тибби халқӣ ва дигар бахшҳо баррасӣ гардид.

Ин масъалаҳо зимни вохӯрии муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо намояндагони Ассотсиатсияи беморхонаҳои музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳокима шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, Ассотсиатсияи беморхонаҳои музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин ягона ташкилоти соҳавии идоракунии беморхонаҳо дар ин музофот мебошад, ки дар маҷмуъ 513 шуъба, 29 кумитаи махсус ва аксари беморхонаҳои ин музофотро фаро мегирад.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар баробари дигар бахшҳо дар соҳаи тандурустӣ низ хуб амалӣ мешавад.

Зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 14-16 сентябри соли 2006 «Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин» ба имзо расидааст, ки ба васеъ намудани имконияти ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ду давлат заминаи хуб гузошт.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2024 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд