«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба бар намудани либоси миллӣ арҷ гузоштан ба миллату фарҳанг аст

Апрель 10, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикона мепӯшем!»- таҳти чунин унвон дар  Ҳисор бо иштироки роҳбарият ва занону духтарони фаъоли шаҳр ҳамоиш баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш бо мақсади  арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги бою пурғановати халқи тоҷик, тарғиби либосҳои миллӣ, худдорӣ ва дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегонагон гузаронида шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид шуд, ки  ба бар намудани либоси миллӣ ва тарғиби он байни аҳолӣ дар пешгирӣ намудани либоспӯшии баъзе занону духтароне, ки ба либос ва фарҳанги бегона тақлид менамоянд, таъсир мегузорад.

Баъд аз анҷоми ҳамоиш занону духтарон бо пироҳанҳои миллӣ дар кӯчаҳои шаҳр гашту гузор намуда, бо раҳгузароне, ки либосҳояшон хоси миллати мо нест, барои арҷ гузоштан ва ба бар намудани либосҳое, ки аз аҷдодонамон ба мо мерос мондаанд, суҳбат намуданд.

Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9 марти имсол бо дахли ҳифзи фарҳагну тамаддуни миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳон чунин гуфтанд: «Модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллӣ  доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос менамуд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии  шаҳри Ҳисор

Апрель 10, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд