«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад

Апрель 26, 2024 10:45

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи сайёҳии «Travel HUB» баргузор мегардад, ки дар он иштироки ширкатҳои сайёҳии Русия баҳри  рушди муносибатҳои дуҷониба ва шиносоӣ бо зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар назар аст. Ин нуктаро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод зимни мулоқот бо муассис ва роҳбари бюрои сайёҳии «Aredov Travel» Арсений Аредов ва иҷрокунандаи вазифаи Директори Шурои кории Тоҷикистон ва Русия Ирена Мизай иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Зимни мулоқот роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуда, ба роҳ мондани инфотурҳоро байни ширкатҳои ҳарду давлат бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон муҳим арзёбӣ намуданд.

Инчунин масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Русия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва ҳамкорӣ намудани Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Ассотсиатсияи туроператорони Русия барои ҳамкории судманд, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ дар рушди сайёҳӣ иброз гардид. 

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 26, 2024 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид