Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид

Апрель 26, 2024 09:58

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода иброз  намуд, ки пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ дошта, дар таъмини адолати судӣ иҷрои санадҳои судӣ нақши муҳим дорад. Зеро тавассути иҷрои санадҳои судӣ боварии мардум ба ҳокимияти судӣ ва мақомоти иҷро зиёд гардида, ба ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони бузург мебахшад.

Хадамоти иҷро бо мақсади рушди ҳамкории байналмилалӣ ва омӯзишу ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами давлатҳо бо намояндагони Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Беларус, Хадамоти иҷрои маҷбурии Ҷумҳурии Арманистон,    Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия ва барномаи минтақавии «Мусоидат ба волоияти қонун дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» ҳамкориро тибқи ёддоштҳои тафоҳуми ба имзорасида идома медиҳад.

Гуфта шуд, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардидани Конвенсияи Минск ва Кишинёв доир ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ  оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ бамаврид мебошад. Зеро ин конвенсия масъалаҳои расонидани ёрии  ҳуқуқӣ ва ҳалли муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятиро байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба танзим даровардааст. Конвенсия бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2004 тасдиқ карда шудааст.

Таъкид гардид, ки ба тобеияти Хадамоти иҷро гузаронидани истеҳсолоти иҷро масъулияти баланд тақозо намуда, дар ин соҳа комёбиҳои назаррас ба даст оварда шудаанд.

Барои амалӣ намудани тадбирҳои ҳукумати электронӣ бо дастгирии барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон барномаи электронии низоми истеҳсолоти иҷро омода гардид. Дар айни замон барнома идораи иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва Суди ҳарбии гарнизони Душанберо фаро гирифта, минбаъд давра ба давра дигар иҷрочиёни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба он пайваст мегарданд. Дар конференсия  ин барнома аз ҷониби барномасоз муаррифӣ гардид.

Бояд гуфт, ки ҳамоиш барои дарёфти ҳалли мушкилоти соҳа заминаи мусоид фароҳам овард.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 26, 2024 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд