Вобаста ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Апрель 30, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ»-таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Дар конференсия таъкид гардид, ки дар даврони истиқлоли Тоҷикистон илму маориф ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гардида, дар ҳама самтҳо пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Истиқлоли миллӣ барои рушди тамоми соҳаҳои илми мамлакат, аз ҷумла филологияи Шарқ заминаи муассир гузошт.

Гуфта шуд, ки дар муддати кӯтоҳ дар заминаи таҳқиқи масоили мубрами ховаршиносӣ осори фаровоне рӯи нашр омад ва саҳми олимону донишмандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар ин замина басе назаррас мебошад.

Дар конференсия зимни маърузаҳои олимони шинохта масоили мубрами филологияи Шарқ, инчунин суннатҳои пойдории адабиёти халқҳои мухталифи Шарқ, тарҷумаи сарчашмаҳои адабиёти арабизабон ба форсии  тоҷикӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия беш аз 100 маъруза аз мамлакатҳои мухталифи олам, аз ҷумла  Америка, Британияи Кабир, Миср, Алҷазоир, Русия, Ҳиндустон, Узбекистон, Олмон ва Нигерия пешниҳод гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Апрель 30, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид