«ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА УСТУВОРИИ ДЕМОГРАФӢ БА МАНФИАТИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба яке аз ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» азм дорад, ки таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» Форуми байналмилалии парламентӣ баргузор намояд. Дар робита ба ин имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба баргузории ин форум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мавриди истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд, бо таҳия ва қабули қонунҳои устувор ва мутобиқ ба шароити давру замон, ки таъминкунандаи рушди устувори иқтисодӣ ва ҳимояткунандаи манфиатҳои имрӯзу фардои миллат мебошанд, фаъолона иштирок менамоянд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани форум Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузор намудани Форуми байналмилалии парламентӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон” ва Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории он таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Форуми байналмилалии парламентӣ 10 июни соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 11 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, гузаронида мешавад.
Баргузории форум бо ҳамгироии ташкилоти Форуми парламентҳои осиёӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD) пешбинӣ шуда, дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, корпуси дипломатӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва узви парлумонҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.
То ба имрӯз бо дастгирии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ва дар ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукоти Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» якчанд корҳо ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, сана ва макони баргузории форум муайян гардида, консепсияи чорабинӣ таҳия шудааст, мактубҳои даъватӣ ба меҳмонон ирсол карда шуда, лоиҳаи барномаи форум мавриди коркард қарор дорад.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии парламентӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» Мавсума Муинӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани форум ва татбиқи саривақтии нақшаи чорабиниҳо самтҳои фаъолият ва вазифаҳои аъзои кумитаи тадорукотро мушаххас намуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






