«ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА УСТУВОРИИ ДЕМОГРАФӢ БА МАНФИАТИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ доир мешавад

Апрель 30, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба яке аз ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» азм дорад, ки таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» Форуми байналмилалии парламентӣ баргузор намояд. Дар робита ба ин имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба баргузории ин форум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мавриди истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд, бо таҳия ва қабули қонунҳои устувор ва мутобиқ ба шароити давру замон, ки таъминкунандаи рушди устувори иқтисодӣ ва ҳимояткунандаи манфиатҳои имрӯзу фардои миллат мебошанд, фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани форум Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузор намудани Форуми байналмилалии парламентӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон” ва Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории он таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Форуми байналмилалии парламентӣ 10 июни соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 11 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, гузаронида мешавад.

Баргузории форум бо ҳамгироии ташкилоти Форуми парламентҳои осиёӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD) пешбинӣ шуда, дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, корпуси дипломатӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва узви парлумонҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

То ба имрӯз бо дастгирии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ва дар ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукоти Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» якчанд корҳо ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, сана ва макони баргузории форум муайян гардида, консепсияи чорабинӣ таҳия шудааст, мактубҳои даъватӣ ба меҳмонон ирсол карда шуда, лоиҳаи барномаи форум мавриди коркард қарор дорад.

Дар ҷаласа раиси Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии парламентӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон»  Мавсума Муинӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани форум ва татбиқи саривақтии нақшаи чорабиниҳо самтҳои фаъолият ва вазифаҳои аъзои кумитаи тадорукотро мушаххас намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 30, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд
Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Ҷаласаи якуми Комиссия байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин доир гардид