150 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» пешниҳод гардид

Май 13, 2024 11:27

ДУШАНБЕ, 13.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 150 номгӯй китобҳои бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон», ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуда, то 18 май идома мекунад, ба алоқамандони мутолиа манзур гардидаанд. Ин намоишгоҳ беҳтарин фурсатро барои ҳамкорӣ бо адибону ноширони ин давлат фароҳам меорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев иттилоъ дод.

Намоишгоҳ аз рӯи масоҳати майдон, теъдоди давлатҳои иштироккунанда, шумораи ноширони дохилию хориҷӣ ва теъдоду унвони китобҳои пешниҳодшуда дар минтақа беназир аст.

«Таваҷҷуҳи китобдӯстони эронӣ ба ғурфаи Тоҷикистон хеле зиёд аст. Бисёриҳо вақти зиёдашонро ба тамошои ғурфаи китоби мамлакати мо сарф менамоянд ва оид ба давлати ҳамзабону ҳамфарҳангашон суоли зиёд дода, посух мегиранд. Нафарони зиёде шодиашонро аз иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нашр ва тақдими шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба ҳар хонадони мамлакат иброз намуда, ба хотири арҷгузорӣ ба фарҳанги бузурги ориёӣ ба Сарвари давлати мо дуруд мефиристанд»,-изҳор намуд Раҳмоналӣ Шералиев.

Иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар Теҳрон ва Душанбе яке аз арсаҳои ҳамкорӣ байни вазоратҳои фарҳанги ду давлати дӯст: Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳсуб мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 13, 2024 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст