35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 15 бинои муассисаҳои таълимӣ бунёду навсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 15 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 7000 хонанда дар ду баст бо маром идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки соли 2023 8 бинои нави муассисаи таълимӣ барои 4600 ҷои нишаст дар ду баст ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таълимии миёнаи умумии №23, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон бо арзиши зиёда аз 15 миллион сомонӣ барои 1200 ҷои нишаст дар ду баст ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо маблағгузории шарикони рушд аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Бояд гуфт, ки дастгирии соҳаи маориф аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳм гузошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯзу оянда ба шумор мераванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






