35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза пайдо намудааст
ДУШАНБЕ, 12.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти гуногун идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилоят хабар медиҳад.
Зимни шиносоии раиси вилоят бо лоиҳаи Қасри фарҳанг ва корҳои сохтмони он иттилоъ дода шуд, ки иншооти ҷашнӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад.
Қасри фарҳанг аз 5 ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои омӯзишӣ, китобхонаву осорхона, толорҳои намоиши кино, маҷлисгоҳ ва дигар утоқу ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Бунёди бузургтарин иншооти соҳаи фарҳанг дар маркази вилоят имкон медиҳад, ки дар он чорабиниҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ баргузор шуда, барои кормандони соҳа шароити мусоиди корӣ фароҳам оварад шавад.
Сипас роҳбари вилоят бо рафти корҳои сохтмони бинои таълимӣ барои курсантони факултаи чоруми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷандро шинос шуд.
Сохтмони ин иншоот соли 2023 оғоз ёфта, аз шаш ошёна иборат буда, дорои 17 синфхона, ошхонаву хобгоҳ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Раиси вилоят инчунин бо сохтмони бинои шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ шинос гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






