35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза пайдо намудааст

Май 12, 2024 10:56

ДУШАНБЕ, 12.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти гуногун идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилоят хабар медиҳад.

Зимни шиносоии раиси вилоят  бо лоиҳаи Қасри фарҳанг ва корҳои сохтмони он иттилоъ дода шуд, ки иншооти ҷашнӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад.​

Қасри фарҳанг аз 5 ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои омӯзишӣ, китобхонаву осорхона, толорҳои намоиши кино, маҷлисгоҳ ва дигар утоқу ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Бунёди бузургтарин иншооти соҳаи фарҳанг дар маркази вилоят имкон медиҳад, ки дар он чорабиниҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ баргузор шуда, барои кормандони соҳа шароити мусоиди корӣ фароҳам оварад шавад.

Сипас роҳбари вилоят бо рафти корҳои сохтмони бинои таълимӣ барои курсантони факултаи чоруми ​ Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷандро шинос шуд.

Сохтмони ин иншоот соли 2023 оғоз ёфта, аз шаш ошёна иборат буда, дорои 17 синфхона, ошхонаву хобгоҳ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.​

Раиси вилоят инчунин бо сохтмони бинои шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ шинос гардид.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 12, 2024 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд