Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 328 миллион долларро ташкил дод

Май 16, 2024 10:23

ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 328 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 миллион доллар, яъне 6 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Арман Шаккалиев иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни давлатҳо рушд ёфта, муносибатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ баромаданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони ду давлат протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ, Харитаи роҳ оид ба зиёд намудани гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023-2024, бахусус содироти меваю сабзавот ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд.

Инчунин ба масъалаҳои таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои энергетика ва саноат таваҷҷуҳи хосса дода шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагиашонро барои густариши ҳамкории судманд баён доштанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 16, 2024 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд