Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam-2024» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд

Май 6, 2024 16:37

ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam — 2024» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam — 2024» зимни сайри  осорхонавӣ бо давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, махсусан ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири асри санг, аҳди биринҷ, ҳунари кулолгарӣ, давлатдории Ҳахоманишиён, имитатсияи Тахти Сангин, давлатдории Кушониёну Сосониён, Панҷакенти қадим ва толори туҳфаҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз наздик шинос шуданд.

Баъд аз сайри осорхонавӣ қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam — 2024» таассуроташонро дар  китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и  Осорхонаи миллӣ навиштанд.

Бояд гуфт, ки 3-5 майи имсол дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam — 2024» оид ба ҷудо баргузор гардид, ки дар он 390 паҳлавон аз 65 давлати ҷаҳон қувваозмоӣ намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 6, 2024 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид