Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳайати тимро, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» ба муқобили яккачинҳои Урдун (6 июн, Уммон) ва Покистон (11 июн, Душанбе) омода мешавад, эълон намуд хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба дастаи мунтахаб 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд. Алишер Ҷалилов, нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе ба далели ҷароҳат доштанаш дар бозиҳои интизор иштирок намекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 май омодагиро ба бозиҳои оянда оғоз менамояд. Дар ин рӯз дастаи мо ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Қатар меравад ва онҷо то 2 июн мемонад. 3 июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Давҳа барои анҷоми бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» ба муқобили тими миллии Урдун ба Уммон меравад.
Ин бозӣ 6 июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Уммон баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Пас аз бозӣ бо Урдун дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва 11 июн бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бар зидди тими миллии Покистон анҷом медиҳад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тимҳои миллии Урдун (6 июн) ва Покистон (11 июн):
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода («Равшан»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Алишер Шукуров («Динамо-Тбилиси», Гурҷистон), Фатҳулло Олимзода («Атирау», Қазоқистон), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов (ҳама аз «Истиқлол»), Шарафҷон Солеҳов («Регар-ТадАЗ»), Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиклол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Ҳосилот»).
Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон).
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






