Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Алмато иштирок намуд

Май 31, 2024 09:56

ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар рейтинги давлатҳое, ки аз лиҳози газҳои парникӣ партови хеле кам ихроҷ мекунанд, дар ҷои 130 қарор дорад, аммо ҳамчун ҷумҳурие, ки 93 фоизашро кӯҳҳо иҳота кардаанд, ба тағйирёбии иқлим мамлакати осебпазир маҳсуб мешавад. Ин нукта аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси шашуми минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар доираи Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳишдиҳии оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB) дар шаҳри Алмато баргузор гардид, баён шуд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар конфронси минтақавӣ роҳбари Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Зафар Маҳмудов иброз намуд, ки конфронси ниҳоӣ дар доираи барномаи CAMP4ASB доир гардида, дар он 500 нафар мутахассисон, коршиносон, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз 5 давлати Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар конфронси минтақавӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Мавлодод дар панели мавзуӣ оид ба «Амбитсияҳои минтақавию миллӣ ва ҳалли роҳҳо дар соҳаи муҳити зист» маъруза намуд.

Таъкид гардид, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ хуб дарк мекунанд, ки ноилшавӣ ба иқлими устувор танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва дар якҷоягӣ баҳисобгирии муҳимтарин манфиатҳои фаромарзӣ ба даст меояд. Масъалаҳои мавҷуда дар соҳаи коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлим аз мо амалигардонии саъю талошҳои дастҷамъона тақозо менамояд.

Инчунин дар доираи конфронси шашуми минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии обуҳавошиносӣ дар панелҳои мавзуӣ маъруза намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 31, 2024 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард