Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон бо Узбекистон ва Қатар баррасӣ шуд

Май 16, 2024 13:54

ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи   Форуми занони Осиё-2024 дар шаҳри Самарқанд мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон  Нуриддин Исмоилов  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Мавсума Муинӣ ба ислоҳоти муассире, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Узбекистон барои баланд бардоштани фаъолнокии ҷамъиятиву сиёсии занон, густариши иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ, фароҳам овардани ҳуқуқу имконияти баробари онҳо амалӣ карда мешавад, баҳои баланд дод.

Иброз  гардид, ки мулоқоти имрӯза ба густариши бештари ҳамкории байнипарлумонӣ имконият медиҳад.

Бо таваҷҷуҳ ба равобити Тоҷикистон ва Узбекистон таъкид карда шуд, ки ба шарофати эътимоди мутақобила ва иродаи қавии сиёсии сарони ду давлат ҳамкории дуҷониба густариш меёбад.

Тазаккур дода шуд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи боварибахш рушд карда, ҳукумат ва мардумони ду давлат аз таҳкиму тавсеаи ин робитаҳо қаноатманд мебошанд.

Дар мулоқот ҳамчунин Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бибиосия Аюбӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Рахмонзода иштирок намуданд.

Мавсума Муинӣ ҳамзамон бо муовини Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳамда бинт Ҳассан Ал-Сулайти мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо Давлати Қатар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд, зеро робитаҳои парлумонӣ дар фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ барои тавсеаи равобити ду давлат дар ҳавзаҳои мухталиф нақши муҳим доранд.

Дар вохӯрӣ танзими сафарҳои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба давлатҳои ҳамдигар ва табодули таҷриба баҳри таҳкими бештари ҳамкорӣ зарур шуморида шуд.

Иброз гардид, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ метавонанд ҳамчун омили тақвиятгари дӯстиву ҳамкорӣ байни ду давлат  хизмат намоянд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 16, 2024 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад