«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд

Май 6, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» шуруъ аз моҳи майи имсол меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».

Ин тадбир бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишоварзони мамлакат, рушди соҳаҳои саноат, сохтмон, тиҷорат ва хизматрасонӣ андешида шудааст. Қарз ба соҳаи кишоварзӣ аз 19 то 21 фоизи солона ба муҳлати то 5 сол, ба соҳаи саноат 18 фоизи солона ба муҳлати 5 сол, ба соҳаи сохтмон 20 фоизи солона ба муҳлати 4 сол, ба соҳаи тиҷорат ва хизматрасонӣ бо 22 фоизи солона пешниҳод мегардад. Инчунин меъёри фоизи қарзҳои ипотекӣ низ паст карда шуда, барои харид ва сохтмони манзил 18 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки «Амонатбонк» соли 2023 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 53 ҳазор муштарӣ 1 миллиарду 836,2 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Ҳаҷми қарзҳои пешниҳоднамудаи «Амонатбонк» нисбат ба соли 2022 354 миллион ва ё 24 фоиз афзудааст.

Қарзҳои додаи бонк ба соҳаҳои саноат 20,9 фоиз, кишоварзӣ 19,2 фоиз, истеъмолӣ 30,3 фоиз, сохтмон 12,2 фоиз, тиҷорат 12,5 фоиз, нақлиёт 0,3 фоиз ва хизматрасонӣ 4,6 фоизро ташкил медиҳад.

Сандуқи қарзии «Амонатбонк» 2,2 миллиард сомонӣ ва қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 62 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2022 ҳаҷми сандуқи қарзӣ 31 фоиз афзудааст.

АКС: «Амонатбонк»

Май 6, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд