АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ ОИЛАДОРӢ. Дар Хоруғ се оилаи намунавиро қадрдонӣ намуданд

Май 15, 2024 19:06

ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май баргузор мегардад, аз тарафи бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ маҳфили бошукуҳ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Зимни ҳамоиш дар бораи нақши оилаҳои солим дар ҷомеа ва ташкили оилаи намунавӣ сухан гуфта шуд. Ҳадафи баргузории ҳамоиш аз муқаддас донистани арзишҳои оиладорӣ, нигаҳдории меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи фарзандон, дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо иборат буд.

Дар ҷараёни ҳамоиш аз тарафи бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ баҳри иштирокдорон барномаи фарҳангӣ манзур гардид.

Дар анҷоми ҳамоиш аз номи бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хоруғ дар вазъияти тантанавӣ ба тифлакон шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Ҳамчунин аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хоруғ ба 3 оилаи намунавӣ туҳфа тақдим гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Май 15, 2024 19:06

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид