АРЗҲОИ ДӮСТӢ. 29 май аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 32 сол сипарӣ мегардад

Май 23, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 майи соли 2024 барои мардумони Тоҷикистон ва Озарбойҷон рӯзи таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 32 сол сипарӣ мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор гардида, соли 2007 дар Душанбе Сафорати Озарбойҷон ва соли 2008 Сафорати Тоҷикистон дар Боку ифтитоҳ гардид. Давоми 32 сол равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон беш аз пеш густариш ёфта, механизмҳои муассири ҳамкорӣ бунёд ва давлатҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, ки имрӯз ба нафъи ду халқи дӯсту бародар хизмат менамоянд.

Сафарҳои Сарони давлатҳо дар таҳкими ҳамкорӣ нақши муассир гузоштанд

Такони мусбат ва самаранок дар истифодаи васеи имконият ва густариши ҳамкории бунёди иқтисодӣ ва муваффақонаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки имрӯз сатҳи баланд касб кардаанд, инчунин баланд бардоштани нақши минтақавии ду давлат сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба Тоҷикистон мебошанд.

Озарбойҷон ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро дар соҳаи обу иқлим ҷонибдорӣ менамояд

Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври анъанавӣ дар руҳияи эҳтиром ва шарикӣ рушд меёбанд. Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдори устувору пайгиронаи густариш ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ буда, мавқеи муштаракро барои баланд бардоштани самаранокии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, /СММ/, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Созмони ҳамкории исломӣ /СҲИ/, Созмони ҳамкории иқтисодӣ /СҲИ/ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба онҳо аъзо мебошанд, тарафдорӣ мекунанд. Инчунин Озарбойҷон ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро дар соҳаи обу иқлим ҷонибдорӣ менамояд.

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар руҳияи эҳтиром ва шарикӣ рушд меёбанд

Ба рушд ва таҳкими муносибатҳои тарафайн асосан вохӯриҳои Сарони ду давлат дар қолабҳои гуногун мусоидат мекунанд. Ин сафарҳо тавсеаи уфуқҳои дурнамои беҳтари муносиботи ду давлатро бо ҳам муайян намуданд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳи августи соли 2018 ҳамчун рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон арзёбӣ мегардад. Дар натиҷаи он сарони давлатҳо азми қавияшонро барои босубот идома додани гуфтушунидҳои сиёсӣ ва рушди муносибатҳои шариконаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон иброз намуданд.

Байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон беш аз 70 санади дуҷониба ба имзо расидааст

Дар ҷараёни сафарҳо, мулоқоту музокироти чандкаратаи судманд байни ду давлат санадҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, нақлиётӣ–транзитӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ ба имзо расиданд. Омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба заминаи шартномавӣ — ҳуқуқии ҳарду давлат мебошад. Дар маҷмуъ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон беш аз 70 санади дуҷониба ба имзо расидааст, ки яке аз санадҳои поягузор — Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 16 марти соли 2007 аст.

Таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ

Дар доираи ҳамкории бисёрҷониба робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон солҳои охир густариш меёбанд. Байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миллӣ Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон гурӯҳи байнипарлумонӣ фаъолият мекунад, ки нақши он дар тавсеаи ҳамкории байнипарлумонии ду давлат муассир арзёбӣ мегардад.

Нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар таҳкими ҳамкории иқтисодӣ назаррас аст

Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкории иқтисодиро беш аз пеш густариш медиҳанд. Аз соли 2008 байни ду давлат Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодиву тиҷоратӣ фаъолият дорад, ки нақши он дар тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо ва ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷон муассир арзёбӣ мегардад. Дар ҷаласаҳои Комиссия масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду давлат баррасӣ шуда, дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самтҳои гуногун муайян гардид. Самтҳои авлавиятноки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон металлургияи ранга, комплекси агросаноатӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия мебошанд. Ширкатҳои Тоҷикистон бо шарикони озарии худ дар бахши нафт ва саноати кишоварзӣ ҳамкории зич барқарор намудаанд, ки ба таъсиси корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи Озарбойҷон имкон фароҳам меорад.

Гардиши мол байни ду давлат соли 2023 20 фоиз афзудааст

Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдо байни ду давлат 7,4 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба соли 2022 1,2 миллион доллар, яъне 19,4 фоиз афзудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат. Ҳиссаи гардиши мол бо Озарбойҷон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон соли 2023 0,1 фоизро ташкил дод. Дар гардиши мутақобилаи мол ба содирот 0,6 миллион доллари амрикоӣ ва ба воридот 6,8 миллион доллари амрикоӣ рост меояд. Дар се моҳи соли 2024 ҳаҷми гардиши мутақобилаи савдои хориҷӣ бо Озарбойҷон 0,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1 миллион доллар, яъне 66,7 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ба Тоҷикистон аз Озарбойҷон мошинҳои электрикӣ, таҷҳизот, маҳсулоти нафтӣ ва хӯрокворӣ ворид мешавад

Ҳиссаи гардиши мол бо Озарбойҷон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар се моҳи имсол 0,02 фоизро ташкил дод. Дар гардиши мутақобилаи мол ба содирот 0,2 миллион доллари амрикоӣ ва ба воридот 0,3 миллион доллари амрикоӣ рост меояд. Солҳои 2022-2023 аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон асосан чормағзи заминӣ, маҳсулоти ширӣ, тухми паранда, меваҷот, тамоку ва маҳсулоти ивазкунандаҳои он ва алюминийи аввалия содирот шудааст. Ба Тоҷикистон аз Озарбойҷон кислотаҳои гуногуни равғании тозашуда, мошинҳои электрикӣ ва таҷҳизот, равғани растанӣ ва ҳайвонот, тухмиҳои равғанӣ ва ҳосилдеҳ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ, шакар ва маҳсулоти қаннодӣ, мебел ва дигар маҳсулот ворид шудааст.

Сафари давлатии Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои ду давлат саҳифаи нав боз намуд

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев, ки 5 апрели соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, дар таҳкими муносибатҳои ду давлат такони ҷиддӣ бахшид. Дар доираи ин сафар дар Душанбе мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Озарбойҷон доир шуд ва 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар мулоқоту музокироти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Озарбойҷонро баррасӣ ва доир ба масъалаҳои мубрами байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Барои тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки бар пояи таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар асос ёфтаанд, самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ муайян гардиданд. Роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷараёни тамосҳои мунтазами сиёсиро, ки дар ташаккул ва пешбурди пурсамари рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақши калидӣ доранд, бо қаноатмандӣ таъкид намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 23, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон муаррифӣ гардид
Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ангола Барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Рияз Минзарипов вохӯрӣ намуд
ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Ноиби Президенти Ангола Сперанса Мария Эдуарду Франсишку да Кошта мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафирони кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид мулоқот анҷом дод
Сафири Тоҷикистон нусхаи эътимодномаро ба Мудири кулли идораи ташрифоти давлатии вазорати корҳои хориҷии Покистон супорид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Ҷан Мин мулоқот намуд
Дар Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛИ ОН. Андешаҳо дар ҳошияи Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи даҳсолаи об дар шаҳри Душанбе
Деннис Фрэнсис: «Мо имрӯз бе об наметавонем дар бораи рушд ҳарфе бигӯем»
Армида Салсия Алишаҳбана: «Умедворам, ки баъди конфронси об ҳамкорӣ байни кишварҳо боз ҳам устувортар мегардад»

Маводҳои таҳлилӣ