АВЛАВИЯТ БА КИШТИ КАРТОШКА. Дар Панҷакент кишти картошка зери назорати пайваста қарор дорад

Май 10, 2024 15:46

ДУШАНБЕ, 10.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини аҳолии мамлакат бо картошкаи истеҳсоли худӣ ин сабзавот дар авлавият қарор дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент кишти картошкаро, ки маҳсулоти муҳими ғизоӣ мебоша,д зери назорати пайваста қарор додааст. Дар Ҷамоати деҳоти Саразм роҳбарияти шаҳр бо ҷараёни кишти картошка ва дигар зироат дар хоҷагии деҳқонии «Роҳи абрешим» шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Зимни шиносоӣ ба деҳқонон тавсия дода шуд, ки аз замин босамар истифода намуда, кишти картошкаро дар муҳлати кӯтоҳ анҷом диҳанд.

Иброз гардид, ки дар шароити иқлими инҷо аз картошкаи барвақтӣ ҳосили хуб гирифта, дар ин заминҳо гузаронидани кишти такрорӣ имконпазир аст.

Зимни шиносоӣ иқдоми хоҷагии деҳқонии «Меҳрбахш» барои бунёд ва насби пойгоҳи обкашӣ ва дигар кишоварзон барои сохтмони ҳавзи захираи оби полезӣ ҷолиб арзёбӣ гардида, барои таъмини фаъолияти доимии иншооти обёрӣ дастурҳо дода шуд.

Дар минтақаҳои хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент, ки дар соҳили дарёи Зарафшон воқеъ ҳастанд, картошка шинонида шудааст.

Иброз гардид, ки ҳифзи муҳити зист, бунёд ва барқарор намудани ҷангал дар пасманзари ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи табиат ва манбаъҳои обӣ дар сиёсати экологии давлат ҷойгоҳи хоссаро соҳиб аст. Дар ҳамин замина солҳои охир бо дастгтирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми шарикони рушд дар минтақаҳои хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент, ки дар соҳили дарёи Зарафшон воқеъ ҳастанд, корҳои зиёде барои барқарор намудани ҷангал ва истифодаи заминҳо иҷро мешаванд.

Зимни шиносоӣ бо ин минтақаи хоҷагии ҷангал гуфта шуд, ки тирамоҳи соли 2023 ва баҳори имсол дар заминҳои ҳудуди хоҷагӣ беш аз 60 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мева ва ҷангалӣ, аз ҷумла 18 ҳазор бех павловния, 2000 бех ҳулу ва дигар ниҳолҳо шинонида, парвариши онҳо зери назорати доимии ҷангарпарварон қарор дорад. Дар ин ҷо бо насби дастгоҳи наворбардорӣ баҳисобгирӣ ва ҳифзи ҳайвонот ва парандагони минтақа амалӣ мешавад

Ҳамчунин ба истифодаи заминҳои корами ҳудуди ин минтақаи хоҷагии ҷангал таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар айни замон дар заминҳои байни қаторҳои дарахтон кишти зироат идома дошта, аз ҷумла дар 20 гектар картошка шинонида шудааст, ки он идома дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Май 10, 2024 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон тақвияти робитаҳои байнибонкии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир гардид
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия густариш медиҳанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»