ҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор Рӯзи ҷавононро таҷлил намуданд

Май 23, 2024 19:42

ФАРХОР, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар Қасри  Ориёни ноҳияи Фархор ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи идона баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Гуфта шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созандаи мамлакат, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон мавқеи муҳим доранд. Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, квота ва ҷоизаҳои президентӣ барои ҷавонон, амалӣ гардидани иқдоми шоиста дар самти дастгирии ҳамешагии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонони соҳибистеъдод далели он аст, ки дар Тоҷикистон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Маҳз иродату садоқат ва кӯшишу талошҳои ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иқдоми шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони мо дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муваффақонаю сарбаландона фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонон дар ноҳия Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2022-2026 қабул гардидааст.

Таъкид гардид, ки ҷавонони моро зарур аст, ки бо аз худ намудани дастовардҳои технологии замони муосир дар мубориза бар зидди ҳама гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ муташаккилона ва огоҳона фаъолияти худро вусъат бахшанд. Зеро ояндаи мамлакат аз ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар вобастагии калон дошта, ҳушёрӣ, зиракӣ ва дониши сиёсии насли ояндасоз имкон медиҳад, ки бар зидди  ҳама гуна зуҳурот муборизаи оштинопазир баранд.

Ҷавонони саодатмандро зарур аст, ки бо истифода аз имконияти фароҳамоварда ҳарчи бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд, то ки фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонанд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор

Май 23, 2024 19:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд