ҶАВОНОН ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Иброз шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар мамлакат ҷавонон чӣ дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чӣ дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ нақши пешбар доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар идома таҳти унвони «Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардист», «Нақши озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» дар рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ», «Аҳамияти маърифати ҳуқуқӣ дар пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ», «Хизматҳои Пешвои миллат дар рушди ҳаёти ҷавонон» ва «Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» маърузаҳо пешниҳод шуданд.
Дар маърузаҳо таъкид гардид, ки ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Тоҷикистонро давлати ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ин қишр ташкил мекунад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкор рушд карда, солҳои минбаъда ба давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил меёбад. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори Ватан мешаванд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






