АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол силсилачорабиниҳо баргузор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Зимни ҷаласаи тантанавӣ гуфта шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон мавриди қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, нуфузу мартаба ва обрӯву эътибори давлат рӯз аз рӯз дар сатҳи байналмилалӣ боло рафта, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба давлати мо бештар мегардад.
Ҳамин тариқ, ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон, ки 9 феврали имсол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардид, иқдоми наве дар пайравӣ ба ташаббусҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар ин пешниҳод муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки нақши футбол дар фарҳанги башарӣ мақоми хосса дошта, бояд он дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил гардад.
Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ба тасвиб расонд ва 25 майро Рӯзи ҷаҳонии қабул намуд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ифтихор аст.
Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ин иқдоми башардӯстонаи байналмилалиро бо ифтихор дастгирӣ намуд. Дар донишгоҳ байни кормандону донишҷӯён- аъзои дастаҳои варзишии футбол мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» эълон шуд, ки то 25 май идома меёбад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






