Ба пойгоҳи обкашии «Янтоқ -1»-и ноҳияи Мастчоҳ ду агрегати нав дастрас гардид

Май 30, 2024 11:41

ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи обрасонӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои пойгоҳи обкашии «Янтоқ -1» ду агрегати замонавӣ харидорӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин тадбир дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва дастгириҳои Раиси вилояти Суғд амалӣ гардид.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ бо пойгоҳи обкашӣ шинос шуда, ба масъулин барои сари вақт таъмин намудани кишоварзон бо оби полезӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Пойгоҳи обкашии «Янтоқ-1» аз соли 1960 инҷониб фаъолият дошта, дорои 11 дастгоҳи пуриқтидори обкашӣ мебошад. Аммо бо сабаби фарсуда шудани дастгоҳҳои обкашӣ, корношоям гардидани қубурҳои зеризаминии обрасони пойгоҳ ва дигар иншооти гидротехникӣ қисме аз агрегатҳои пойгоҳ аз кор мондаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳамасола барои таъмиру омодасозии дастгоҳҳои обкашии пойгоҳ ба мавсими киштукор маблағҳои зарурӣ ҷудо мегарданд.

Тавассути пойгоҳи обкашии «Янтоқ -1» беш аз 10 ҳазор гектар заминҳои Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ва деҳоти Навбаҳор обёрӣ карда мешаванд. Ин пойгоҳ аз иншооти асосии обрасонии ноҳия – канали «Тоҷикистон» обро ба баландии 26 метр бароварда, тавассути каналҳои обрасонӣ ба заминҳои кишоварзӣ ҷорӣ менамояд.

Бо ба кор андохтани дастгоҳҳои обкашии нав таъминоти оби полезӣ беҳтар гардида, заминҳои кишоварзие, ки аз сабаби норасоии об танқисӣ мекашиданд, шодоб мегарданд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 17 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, тавассути онҳо зиёда аз 20 000 гектар замин обёрӣ мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Май 30, 2024 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»