Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-тарбиявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон – қувва ва неруи бузурги давлату миллат» ҳамоиши сиёсӣ – тарбиявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳ Жило Гулназарзода дар бораи хизматҳои арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба пойдории сулҳу субот, истиқлолу ваҳдати миллӣ ва дастгирии ҷавонон ҳамчун қишри созандаи ҷомеа сухан гуфта, онҳоро ба худшиносию меҳандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят намуд.
Зимни суҳбати озоду самимӣ бо кормандону донишҷӯён дар бораи таърихи давлатдории тоҷикон, гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик, хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат ва корномаи бузургу ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳоди ҳозирин шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май Рӯзи ҷавонон таҷлил гардида, бахшида ба ин сана дар саросари мамлакат ҳамоишу чорабиниҳо доир мегарданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






