Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар доираи моҳвораи ҷавонон вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо кормандони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон, шунавандагони маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» ва ҷавонони фаъоли мамлакат доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ дар бораи баъзе ҷавонони гумроҳ, ки бо иллати дониши каму маърифати пасти динӣ ба давлатҳои ҷангзада рафтаву ба доми гурӯҳҳои ифротӣ гирифтор шудаанд ва баъди пушаймонӣ ба Ватан баргаштаанд, филм намоиш дода шуд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷавононро ба ҳозирин табрик гуфта, доир ба дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли наврасу ҷавон ибрози назар кард.
«Дар чунин шароити мураккаб Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром ба сӯйи созандагӣ, бунёдкорӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, амсоли Истиқлолияту озодӣ, сулҳу ваҳдати саросарӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ҳадафу ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ ҳаракат дорад. Ин ҳама арзишҳои умумимиллии моро ташкил дода, миллати моро ба сӯйи саодати боз ҳам бештар раҳнамун месозад», -гуфт Раиси Кумита.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки имрӯз дунёро вазъияти мураккаби сиёсию иқтисодӣ, ҳолатҳои вазнини табиию ҳодисаҳои фавқулода ва дигар проблемаҳои ҷиддӣ фарогир гардидаанд. Ба ин мушкилот нигоҳ накарда, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин мешавад.
Инчунин таъкид гардид, ки солҳои охир баъзе ҷавонон бо сабаби дониши паст ба доми гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ афтода, ба амалҳои ифротӣ даст задаанд, ки боиси нигаронӣ аст. Барои он ки ҷавонон гумроҳ нагарданду фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳо нашаванд, бояд ки ҳамеша пайи донишомӯзӣ бошанд, илму ҳунар омӯзанд ва зиракии сиёсии баланд дошта бошанд.
Дар мулоқот ҷавонон даъват шуанд, ки бо истифода аз имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат донишу ҳунар омӯзанд ва дар пешрафти давлат саҳми арзанда гузоранд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






