Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ намуд

Май 18, 2024 11:37

ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/.  17 май дар доираи моҳвораи ҷавонон вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо кормандони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон, шунавандагони маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» ва ҷавонони фаъоли мамлакат доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Пеш аз оғози чорабинӣ дар бораи баъзе ҷавонони гумроҳ, ки бо иллати дониши каму маърифати пасти динӣ ба давлатҳои ҷангзада рафтаву ба доми гурӯҳҳои ифротӣ гирифтор шудаанд ва баъди пушаймонӣ ба Ватан баргаштаанд, филм намоиш дода шуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷавононро ба ҳозирин табрик гуфта, доир ба дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли наврасу ҷавон ибрози назар кард.

«Дар чунин шароити мураккаб Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром ба сӯйи созандагӣ, бунёдкорӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, амсоли Истиқлолияту озодӣ, сулҳу ваҳдати саросарӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ҳадафу ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ ҳаракат дорад. Ин ҳама арзишҳои умумимиллии моро ташкил дода, миллати моро ба сӯйи саодати боз ҳам бештар раҳнамун месозад», -гуфт Раиси Кумита.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки имрӯз дунёро вазъияти мураккаби сиёсию иқтисодӣ, ҳолатҳои вазнини табиию ҳодисаҳои фавқулода ва дигар проблемаҳои ҷиддӣ фарогир гардидаанд. Ба ин мушкилот нигоҳ накарда, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин мешавад.

Инчунин таъкид гардид, ки солҳои охир баъзе ҷавонон бо сабаби дониши паст ба доми гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ афтода, ба амалҳои ифротӣ даст задаанд, ки боиси нигаронӣ аст. Барои он ки ҷавонон гумроҳ нагарданду фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳо нашаванд, бояд ки ҳамеша пайи донишомӯзӣ бошанд, илму ҳунар омӯзанд ва зиракии сиёсии баланд дошта бошанд.

Дар мулоқот ҷавонон даъват шуанд, ки бо истифода аз имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат донишу ҳунар омӯзанд ва дар пешрафти давлат саҳми арзанда гузоранд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 18, 2024 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 241 Ассосиатсияи истифодабарандагони об фаъолият менамоянд
СЕ МЕДАЛИ ТИЛЛО. Занони тоҷик дар 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор «KIWIE -2024» ба ин дастовард ноил гардиданд
Кумитаи кор бо занон ва оила бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ мегузаронад
Имсол дар 36065 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Агентии хизмати давлатӣ: «Қисми зиёди камбудиҳои ошкоршуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бартараф гардиданд»
Маркази миллии қонунгузорӣ: «Дар шаш моҳи соли равон 9 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуд»
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
АЛОМАТҲОИ ОФТОБЗАНӢ КАДОМҲОЯНД? Мутахассисони соҳаи тиб ба ин суол посух доданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии нозироти минтақавии ШВКД-1 ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Ҳисор доир ба нақши занон дар рушди ҷомеа ҳамоиш доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар ҳавои гарм либосҳои аз матои табиӣ пӯшед, бештар об нӯшед, мева ва ғизои сабук истеъмол кунед! »
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 31 июл боқӣ мемонад