Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Суғд ба дидани кӯдакони маъюб рафтанд

Май 31, 2024 09:37

СУҒД, 31.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 май Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба манзили якчанд кӯдаке, ки бо амри тақдир маъюб шудаанд, рафтанд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, фоизи беши сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Зеро Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, аз ҷумла гурӯҳҳои ниёзманду камбизоати аҳолӣ вазифадор мебошад. Ҳамаи кӯдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеаи мо буда, ба табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёту фаъолияти маъюбону ятимон диққати махсус зоҳир намуда, мунтазам чунин нафаронро дастгирӣ менамоянд. Пешвои миллат барои дастгирии ятимон аз тамоми  имконият истифода бурда, зимни сафарҳои кориашон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доимо аз аҳволи онҳо бохабар мешаванд.

Роҳбари вилоят кӯдаконро даъват намуд, ки бо истифода аз имконоти фароҳамнамудаи давлату ҳукумат бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд. Таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ дар пайравӣ ба иқдоми инсондӯстонаи Сарвари давлат мунтазам барои дастгирии кӯдакони бемору маъюб ва ниёзманд тадбирҳои зарурӣ амалӣ месозад ва минбаъд низ хурдсолонро ба кумаку ғамхорӣ фаро мегирад.

Ба аёдатшудагон маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Май 31, 2024 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад