БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар осорхона» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (18 май) Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои сокинону меҳмонони Душанбе маҷмуи васеи намоишҳои фарҳангӣ омода кардааст. Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бо қарори Ассамблеяи умумии Шурои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM — International Council of Museums) аз соли 1977 инҷониб ҳамасола 18 май дар тамоми ҷаҳон гузаронида мешавад. Соли 1992 Шурои байналмилалии осорхонаҳо, ки расман масъули баргузор кардани Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо мебошад, пешниҳод намуд, ки осорхонаҳо зимни таҷлили ҳарсолаи Рӯзи байналмилалӣ зери шиори ягона намоишҳои фарҳангӣ баргузор намоянд. Масъалан, соли 2007 Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо зери шиори «Мо ҳама барои ҳифзи мероси ҷаҳонӣ масъул ҳастем» баргузор шуда буд. Дар чорабиниҳои соли 2015 беш аз 35 ҳазор осорхонаҳо аз 145 давлати олам иштирок карда буданд. Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо соли 2024 таҳти шиори «Осорхонаҳо, маориф ва таҳқиқот» баргузор карда мешавад.
Сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ Фирдавси Абдулҳамид зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки фаъолияти осорхонаҳо ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро осорхона маконе аст, ки ба воситаи ёдгориҳояш метавонад ба ҳиссиёти тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба осори таърихӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбият намояд. Агар як паҳлуи муҳими фаъолияти осорхона ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва муаррифии осори таърихию фарҳангӣ бошад, пас паҳлуи дигари фаъолияти осорхона- пеш бурдани амалҳои оммавӣ-маърифатӣ мебошад. Фаъолияти оммавӣ ва ё фарҳангӣ-маърифатии осорхонаҳо асосан дар намудҳои зерин пеш бурда мешавад: экскурсия, маъруза, машварат, хонишҳои илмӣ, озмунҳо, ташкил намудани вохӯриҳо бо шахсони наҷиб, баргузор намудани консертҳо (намоишҳои театрӣ), ҷашнҳо ва бозиҳои гуногун.
-Осорхонаи миллӣ дар робита ба санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла ҷашнҳои «Артиши миллӣ», «Рӯзи Модар», «Рӯзи байналмилалии ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ», «Рӯзи Ғалаба», «Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо», «Рӯзи Ваҳдати миллӣ», «Рӯзи Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рӯзи забон», «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барномаҳои гуногуни оммавӣ – маърифатӣ, ба мисли намоишҳои муваққатӣ, конфронсу ҳамоишҳо, вохӯриҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва рӯзи дарҳои кушод мегузаронад. Яке аз чорабиниҳои муҳиме, ки дар байни дигар чорабиниҳои оммавӣ-маърифатии осорхона мавқеи хосса дорад, ин баргузории Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо мебошад, зеро он ҳамчунин ҷашни касбии тамоми кормандони осорхонаҳо маҳсуб мешавад, — гуфт Ф.Абдулҳамид.
Бояд гуфт, ки хусусияти хоси Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо он аст, ки дар робита ба он ҳамасола иқдоми байналмилалии «Шабе дар осорхона» баргузор карда мешавад.
Иқдоми байналмилалии «Шабе дар осорхона» бори аввал соли 1997 дар шаҳри Берлини Олмон доир шуд. Баъдан соли 1998 ин иқдомро Фаронса, Англия, Русия ва дигар кишварҳо ҷонибдорӣ ва баргузор намуданд.
Дар Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» бори нахуст аз ҷониби Осорхонаи миллӣ 18 майи соли 2013 гузаронида шуд. Инак, имсол маротибаи 11-ум иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» дар Осорхонаи миллӣ гузаронида мешавад.
«Мақсад аз баргузории «Шабе дар осорхона» амалӣ намудани сиёсати фарҳангии Тоҷикистон дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхона, муаррифии осори ниёгон, баргузор намудани чорабинии бузурги оммавӣ-маърифатӣ вобаста ба бахшҳои гуногуни фарҳанг, муаррифӣ намудани осорхона ҳамчун макони таълимӣ-маърифатӣ мебошад», — гуфт Ф.Абдулҳамид.
«Шабе дар осорхона» чорабинии хос ва касбии осорхонавӣ буда, он танҳо тамошои муқаррарии толорҳои намоишӣ нест. Дар доираи ин иқдоми байналмилалӣ маҳфилҳои «устод-шогирд», саҳнаҳои театрикунонида, намоиши филмҳои ҳуҷҷатии таърихӣ, бозиҳои зеҳнӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар ин рӯз тамошои толорҳои осорхона ройгон ташкил карда мешавад. Яъне, шаҳрвандон дар ин рӯз нигораҳои Осорхонаи миллӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатиеро, ки кормандони Осорхонаи миллӣ тибқи рисолати касбӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо омода намудаанд, ройгон тамошо мекунанд.
18 майи соли 2024 Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо аз соати 18:00 то соати 23:00 иқдоми байналмилии «Шабе дар Осорхона» баргузор менамояд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, барномаи «Шабе дар Осорхона» бо ҳузури карнайнавозон ва доирадастон оғоз ёфта, дар саҳни бинои Осорхонаи миллӣ ҳунармандони Сирки давлатӣ ва Театри лӯхтак бо намоиши театрӣ меҳмононро истиқбол мегиранд. Сипас, дар бинои Осорхонаи миллӣ чорабиниҳои шаклан гуногун вобаста ба завқи тамошобинони синни гуногун пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла, экспонати қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ Рустами Зол, Суҳроби Ял, Исфандиёр, Таҳмина, намоиши либосҳои миллӣ аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиши маводи нави илмии Осорхонаи миллӣ, маҳфилҳои «Хушнависӣ», «Шоҳномахонӣ», намоиши ковишҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, дарси устод-шогирд дар мавзуъҳои тармим ва таҳкими нигораҳои таърихӣ, «Ҳунари муқовасозӣ», «Навозиши асбоби мусиқии халқӣ» пешниҳоди бинандагон мешаванд.
Ҳамчунин дар ин шаб ба бинандагон маҳфилҳои «Муаррих» (саволу ҷавоб байни тамошобинони 14-22-сола) ва «Ҳафтранг» (намоиши ҳунарҳои мардумӣ), тамошои филми ҳуҷҷатии «Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон», шоу-консерти сарояндагон таҳти унвони «Навои Истиқлол», намоиши сафоратхонаҳои хориҷи мамлакат, маҳфили «Як тасвир», Арт-фейс, маҳфили устод ва шогирд: «Чеҳранигор», ҳунари рассомӣ — нақшу нигори гулҳо дар дастон «Ҳино», шоу-маҳфили кӯдаконаи «Cosmo Land», олами ҳайвоноти зинда, нақши аспсавори шӯх пешниҳод карда мешаванд.
Дар маҷмуъ Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар доираи иқдоми байналмилии «Шабе дар Осорхона» 24 барномаи гуногуни фарҳангӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод мекунад.
Воқеан, ин иқдом имкон фароҳам меорад, ки осорхона барои қишрҳои гуногуни ҷомеа дастрас ва ҳамчун макони ҷамъиятӣ баҳри баргузории намоишҳои фарҳангӣ муаррифӣ шавад.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ