«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни нишасти матбуотии охир Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода иттилоъ дода буд, ки дар соли нави хониш тамоми муассисаҳои зертобеи вазорат, хусусан муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пардохти маблағи адабиёти таълимиву бадеӣ ва иҷораи китобҳои дарсиро пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мемонанд. Пас аз ҷорӣ шудани ин система волидон метавонанд тавассути телефони мобилӣ пули иҷораи китобҳои дарсиро пардохт намоянд. Дар мавриди иҷрои ин лоиҳа ва натиҷаҳои он директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Рустам Пиракзода ба мухбири АМИТ «Ховар» маълумот дод.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» мақомоти маҳаллии идораи маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори маҳаллӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадор карда шуданд, ки муассисаҳои таълимӣ тамоми хизматрасонии пулакӣ, аз ҷумла пардохти маблағи адабиёти таълимиву бадеӣ ва маблағи иҷораи китобҳои дарсиро ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монанд.
«Ҳамзамон вазорат барои назорати системаи иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, аз ҷумла даромад, хароҷот, пардохти ғайринақдии маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, «Барномаи биллингӣ» таҳия намудааст.
Қарордоди дуҷонибаро 21 феврали соли 2023 ҳамчун фармоишгар – Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фариса” ба имзо расониданд. То саршавии соли хониши нав барнома дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди истфода қарор дода мешавад”, — хабар дод директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ.
Ба гуфтаи Рустам Пиракзода, ин барнома шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъмин намуда, маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муқарраргардида ворид мегарданд.
“Инчунин ҷорӣ гаштани системаи пардохти ғайринақдӣ хавфҳои эҳтимолии ҳолатҳои коррупсиониро дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳалҳо аз байн мебарад ва низоми содашудаи пардохти онлайниро барои волидайни хонандагон осон мегардонад. Масалан, маблағи иҷораи китобҳои дарсиро падару модар метавонанд тариқи ҳамёнҳои мобилӣ дар дилхоҳ вақту соати ба онҳо мувофиқ, новобаста аз ҷою макони истиқоматашон пардохт намояд. Ин система имкон медиҳад, ки берун аз ҷумҳурӣ тариқи низоми биллингии иҷораи китобҳои дарсӣ маблағи онро тариқи ҳисобфактураи пешниҳоднамудаи муассисаи таълимӣ ба таври смс — паёмак пардохт намоянд. Бояд тазаккур дод, ки низоми билингии иҷораи китобҳои дарсӣ пас аз пурра ба истифода додан, новобаста аз мавзеи ҷойгиршавии муассиса, шаҳр, ноҳия ва ё деҳоти дурдасттарин дар шакли ягона бо талаботи якхела амалӣ гардонида мешавад”,-баён дошт корманди вазорат.
Директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иброз намуд, ки «Барномаи биллингӣ» аз ҷониби мутахассисони миллӣ коркард шуда, таҷрибаи низоми биллингии ҷамъияти «Барқи тоҷик» мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи чек, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ, супоришномаҳои пардохтӣ ва ҳоло тавассути пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.
Яке аз афзалияти пардохти ғайринақдӣ, хоҳ кортҳои пардохтии бонкӣ ё дигар усулҳои ҳисоббаробаркунӣ тариқи воситаҳои электронии пардохт- ин осон будани истифодаи онҳо аст. Воситаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳангоми дуруст истифода шудан тарзи нисбатан бехатари пардохти мол ё хизматрасонӣ мебошанд.
Хотиррасон менамоем, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи 5411 илова гардид, ки тибқи он барои риоя нагардидани талаботи ба тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасонии давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






