«БАРОИ СУЛҲ ВА ДӮСТӢ». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои сулҳ ва дӯстӣ» бо мақсади рушди ҳамкории байналмилалии ҷавонон ва табодули таҷриба байни ташкилоти волонтёрони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фестивали байналмилалӣ оғоз гардид, ки он давоми як ҳафта дар Тоҷикистон идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар фестивал, ки ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шудааст, зиёда аз 50 намояндаи ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва маммлакат иштирок доранд.
Дар рӯзи аввали фестивал ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ- асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар гузоштанд.
Фестивал як ҳафта давом мекунад. Иштирокчиён аз дарсҳои маҳорат, ярмаркаҳо, намоишгоҳҳо, таблиғҳо, муҳокимаҳои панелӣ ва шабҳои фарҳангии кишварҳои иштироккунанда баҳра мебардоранд. Чорабиниҳои асосӣ дар шимоли мамлакат- дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон баргузор мешаванд.
Ҳамоиш ба Соли ҳаракати волонтёрон дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳамчунин ба Рӯзи ҷавонони тоҷик бахшида шудааст.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






