БЕШ АЗ 8 ҲАЗОР КОСИБ ҲУНАРҲОИ МИЛЛИРО ЭҲЁ МЕНАМОЯНД. Дар ҳошияи Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳунар беҳтар аз зар бувад»

Май 16, 2024 08:41

ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, 11 май дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид, ки дар он аз гӯшаву канори мамлакат ҳунармандони чирадасти тоҷик навъҳои гуногуни ҳунари миллиро бо пешниҳоди беҳтарин маҳсулоти ҳунармандӣ манзури ҳайати ҳакамон, сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.

Фестивал дар се давр доир шуда, ҳунармандон аз рӯйи 9 номинатсия, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ, бофандагӣ, коркарди чарм, коркарди чӯб, маҳсулоти ғайриметаллӣ, заргарӣ, созҳои мусиқӣ, санъати нафиса ва ҳунарҳои кишоварзӣ маҳсулоти офаридаашонро пешниҳод намуданд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон шумораи косибону ҳунармандон сол то сол зиёд мегардад. Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 8041 ҳунарманд фаъолият намудааст. Аз шумораи умумии ҳунармандон 41,41 дарсад дар вилояти Хатлон, 32,92 фоиз дар вилояти Суғд, 17,32 фоиз дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 6,91 фоиз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 1,43 фоиз дар шаҳри Душанбе фаъолият намудаанд.

Бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд намуда, эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошанд, ки маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд мешавад.

Ба гуфтаи коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аниса Содиқова, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди минбаъдаи он ба соҳибкасб гардидани аҳолӣ, баланд бардоштани шуғлнокии аҳолӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, зиёд гардидани соҳибкории хурд ва дар умум баланд шудани некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд. «Ҳунармандони мамлакат ҳунару маҳораташонро давоми асрҳо аз насл ба насл мегузаронанд. Офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ва тарғиби анъанаҳои миллӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ ва рушду такомули маҳорати насли оянда мусоидат менамояд. Вобаста ба ин бояд бигӯям, ки ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик ҳанӯз аз солҳои пеш арзи ҳастӣ намуда, дар байни дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи хоссаро соҳиб буданд»,-баён медорад коршинос.

Бояд ёдовар шуд, ки имсол барои ҳавасманд гардонидани ҳунармандони мамлакат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» қабул гардид. Тибқи он, давоми солҳои 2024-2026 дар маҷмуъ 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 1 500 000 сомонӣ таъсис ёфт, ки ба рушди фаъолияти ҳунармандӣ, омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронида шудаанд. Ҳамзамон барои амалисозии ин иқдом дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ оид ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ таъсис дода мешавад.

Тибқи таҳқиқоти гуногуни олимон, ҳунару ҳунармандӣ дар заминаи анъанаҳои миллӣ ташаккул ёфта, маҳсули онро метавон дар ҷашнҳои гуногуни миллиамон, аз қабили Наврӯз, ҷашни Сада, тӯйҳои арӯсию домодӣ, гаҳворабандон ва дигар ҷашнҳои аҷдодӣ, ки дар онҳо нақшу нигори миллӣ бо сӯзанию кашидадӯзӣ ва кандакорию чӯбтарошӣ оро дода мешаванд, мушоҳида намуд.

Ҳунарманди сабадбоф аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шаҳодат Ҳомидова аз зумраи косибоне аст, ки 55 соли умрашро сарфи ин ҳунари аҷдодӣ намуда, байни мардум соҳиби иззату эҳтироми хос гаштааст. Тавре ӯ изҳор намуд, давоми ин солҳо тавонист зиёда аз 850 шогирд омода намуда, дар рушд ва пойдории ин ҳунар саҳм гузорад. «Доштани ҳунар барои ҳам зан ва ҳам мард бояд зарур бошад, зеро «ҳунар беҳтар аз зар бувад» гуфтаанд. Ҳамаи он шогирдоне, ки ман то имрӯз тарбия намудам, ҳоло соҳибкасб гардида, бо ҳунари дастонашон имрӯз рӯзгорашонро пеш мебаранд. Фикр мекунам, ки агар инсон ҳунар дошта бошад, ҳаргиз дар зиндагӣ сахтӣ намекашад. Чун ҳунар ганҷинае аст, ки дар куҷое ки набошӣ, он ҳамроҳат аст. Имрӯзҳо шод аз онам, ки шогирдонам дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ин касби аҷдодиро рушд дода, зинда нигоҳ медоранд»,-изҳор медорад холаи Шаҳодат.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло талаботи муштариён ба сабад аз пештара дида, хеле бештар гардидааст. Ӯ мегӯяд, ки мизоҷон омада, намудҳои гуногуни сабад фармоиш медиҳанд. «Диду завқи муштариён гуногун аст, лек мо кӯшиш мекунем, то сабадҳои фармоишдодаро бо намуди наву замонавӣ пешниҳод намоем. Пас вақте талабот ба ин маҳсули дастӣ ҳаст, метавонам бигӯям, ки ҳунари сабадбофӣ солҳои зиёд зинда мемонад»,-афзуд ӯ.

Тибқи маълумоти расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон соли 2022 ба ҳисоби миёна 65,4 миллион сомонӣ ва соли 2023 79,6 миллион сомониро ташкил дод. Ин далели он аст, ки дар ҷумҳурӣ ҳунармандӣ рушд ёфта, ҳунармандон бештар ба истеҳсоли маснуоте, ки аз гузаштагон ба мерос мондаанд, аҳамият медиҳанд.

Барои рушд додани ҳунарҳои миллию муосир, эҳёи онҳо, инчунин ба ин васила ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар 45 Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири назди муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соли 2023 дар маҷмуъ 13 644 нафар аз рӯйи 48 касбу ихтисос ба даврҳои кӯтоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 16, 2024 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Оид ба амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пагоҳ Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мешавад
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа​ оид ба саҳми Пешвои миллат дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд
Дар Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш доир шуд