«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 май дар саросари Тоҷикистон Рӯзи шашмақом ҷашн гирифта мешавад. Шашмақом шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ва ганҷинаи бебаҳои миллат дониста мешавад. Зеро шашмақом арзишмандтарин дурри гаронбаҳо буда, ин санъати бузурги пурҷозибаро ҳазорҳо ромишгарону сарояндагон давоми асрҳо сайқал дода, ғанитар гардонидаанд. Шоҳасари мадании мусиқии халқи тоҷик давоми асрҳо аз дил ба дил роҳ ёфта, аз устод ба шогирд чун мероси аҷдодӣ омада расидааст.
Ин мероси мусиқии суннатии тоҷик давоми солҳои зиёд чун асари силсилавии шаклан мураккаб, вале дорои хусусияти касбӣ рушду мукаммал мегардид ва аз насл ба насл ба таври шифоҳӣ дар шакли анъанаи зинда – тавассути низоми суннатии «устоду шогирд» интиқол ёфтааст.
Дар роҳи нигоҳдории ин ганҷинаи бебаҳо устодони барҷастаи тоҷик нақши назаррас гузоштаанд. Инак рӯз то рӯз садову навои ин шоҳкории ҷовидона бо дарди мардум пайванд гашта, зиндагии мардумро тараннум менамояд ва насли ҷавон ба он бештар рӯ меорад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «…фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадимӣ, гуногунрангиву хусусияти хоси худ, аз ҷумла, осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии шашмақом ва фалак ва садҳо дастовардҳою падидаҳои дигари ҳунару адаб имрӯз дар ҷаҳон машҳур аст».
Дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов Хуршед Иброҳимзода иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат санъати шашмақом мақому манзалати хосса пайдо намуд. 12 майи соли 2000 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи санъати шашмақом ба ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ доданд. Ҳамзамон 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгории маънавии инсоният эълон намуд.
Мавсуф иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд
Бояд гуфт, ки имрӯз муассисаҳои фарҳангии мамлакат, аз ҷумла Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар тарбияи сарояндагони касбии ҷавон ва эҳё намудани мусиқии суннатии шашмақом саҳми назаррас доранд.
Хуршед Иброҳимзода иброз намуд, ки «ҳоло дар муассисаи мо барои омода намудани сарояндагони ин санъат беҳтарин устодони соҳа ҷалб шудаанд, ки дар тарбияи насли имрӯза саҳми босазо мегузоранд. Инчунин баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ба муаррифии беҳтарин овозхонҳои ин жанр мусоидат менамояд. Зеро дар он аз ноҳияҳои дурдасттарини мамлакат довталабоне иштирок мекунанд, ки дар симои онҳо шашмақомсароёни номдорро метавон дид».
Бояд гуфт, ки ин мероси пурғановати миллиро ҳифз кардану таъмин намудан ва рушди минбаъдаи он вазифаи на танҳо давлат, балки қарзи виҷдониву инсонии ҳар фарди соҳибфарҳанги мамлакат мебошад. Итминони комил аст, ки шашмақом чун рукни таърихи миллат аз насл ба насл гузашта, чун арзиши миллӣ умри ҷовидона касб менамояд.
Боз дар гӯшам расад савту навои шашмақом,
Қалб шӯру шавқ дорад дар ҳавои шашмақом.
Созу овози ниёгон бо сурудаш ҷовидон,
Зеби миллат, зеби давронам ливои шашмақом.
Ёдовар мешавем, ки 11 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи шашмақом Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дар мавзуи «Дурнамои рушдии мусиқии суннатии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва олимони санъатшиноси давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон доир гардид.
12 май бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии давлатҳои иштирокчӣ галаконсерт доир мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»