Дар Анқара ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Май 29, 2024 09:48

ДУШАНБЕ, 29.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Анқара таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шералӣ Кабир ва вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Фатиҳ Каҷир ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа, ки  масъулини вазорату идораҳо ва субъектҳои бахши хусусии ҳарду ҷониб иштирок  доштанд,  масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, энергетика, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа протокол ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2024 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид