Дар Донишгоҳи давлати Бохтар ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор гардид

Май 19, 2024 10:15

ДУШАНБЕ, 19.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар хабар доданд.

Дар ҳамоиш доир ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дастовардҳои ҷавонон давоми  солҳои соҳибистиқлолӣ, дастовардҳои ҷавонону варзишгарони донишгоҳ, шароити мусоид барои илмомӯзии ҷавонон ва дастигириҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба наврасону ҷавонон маърузаҳо шунида шуданд.

Дар баромади озод гирандагони стипендияи президентӣ доир ба дасгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон изҳори андеша намуданд.

Зимни чорабинӣ омӯзгорони донишгоҳ бо мақсади саҳми муносиб гузоштан дар раванди корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав

Май 19, 2024 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид