Дар Дубай дар мавзуи «Ҷашни Наврӯз ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ» конфронси илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай дар мавзуи «Ҷашни Наврӯз ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин консулгарӣ.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубай роҳбарият, кормандони консулгарӣ ва меҳмонон ин ҷашни байналмилалиро бо барномаи рангину савту навои дилнавоз ва намоиши анъанаҳои наврӯзӣ таҷлил намуданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Диловар Баҳромзода иброз дошт, ки ойину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфта шуда, ба рукни фарҳангии онҳо табдил ёфтаанд. Имрӯз он ҳамчун иди миллии бисёр мардумони минтақа ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Зимни маҳфили идона аз ҷониби раёсати сафорат ва кормандони консулгарӣ дар саҳни меҳмонхона равзаҳои махсус оид ба таърихи Наврӯз барномаи фарҳангӣ , таому бозиҳои миллӣ ва дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ манзури ҳозирин гардонида шуданд.
АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай











Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






