Дар Душанбе ҷаласаи 69-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд

Май 31, 2024 18:11

ДУШАНБЕ, 31.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ оид ба омори соҳаи меҳнат таҳти унвони «Инкишофи омори меҳнат бо назардошти қарорҳои Конференсияи 21-уми байналмилалии омори меҳнат» ҷаласаи 69-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори Шуро масъалаҳои муҳими омории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор вобаста ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти омори давлатҳои аъзо ва нақшаҳои минбаъдаи Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул карда шуданд.

Инчунин дар раванди ҷаласа масъалаҳои ташаккул ва роҳҳои муосири паҳннамоии саривақтии иттилооти оморӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи қаноатмандии истифодабарандагони маълумоти оморӣ, амалияи мавҷуда дар самти таҳиянамоии маълумоти омори расмӣ дар давлатҳои аъзо ва татбиқи тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ аз Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти байналмилалии Меҳнат, (ТБМ), Шуъбаи омори Комиссияи иқтисоди Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои дахлдори байналмилалӣ дар низоми омори давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил матраҳ гардиданд.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 31, 2024 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд