Дар Душанбе ҷаласаи машваратии иқтисодиву тиҷоратии шаҳри Чэндуи Чин ва Тоҷикистон баргузор гардид

Май 31, 2024 09:14

ДУШАНБЕ, 31.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратии иқтисодиву тиҷоратии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.

Дар ҷаласа Раиси Ҳукумати мардумии шаҳри Чэнду бо ҳайати асосӣ ва зиёда аз 40 нафар ҳайати соҳибкорони шаҳри Чэнду дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ва соҳибкорони ватанӣ табодули афкор намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ҷаласа тақвият бахшидан ба рушди ҳамкории минбаъда, муаррифии имконияти иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии ду ҷониб мебошад.

Зимни баргузории чорабинӣ байни ду ҷониб якчанд созишномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи рушди савдои хориҷии шаҳри Чэнду ба имзо расонида шуд.

Пас аз анҷоми ҷаласа вохӯрии дуҷониба байни намояндагони бахши хусусии ду давлат дар шакли В2В баргузор гардид.

АКС: Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 31, 2024 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард