Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд

Май 25, 2024 10:57

ДУШАНБЕ, 25.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология, ки 25 май муқаррар шудааст,  дар Душанбе дар мавзуи «Нақши стандартонӣ ва метрология дар рушди саноат ва иқтисодиёти мамлакат» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии «Тоҷикстандарт».

Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода кормандони соҳаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иби касбӣ табрик намуда, гуфт, ки пешрафти замони муосир тақозо менамояд, ки ниҳодҳои давлатӣ бо дастовардҳои нав ба нав ва дар ҳамбастагӣ барои татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии мамлакат, таъмини рушду пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ сайъ намоянд.

Иброз гардид, ки нақши Агентии «Тоҷикстандарт» дар таъмини сиёсати давлат дар самти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва беҳтар гардидани фаъолияти ҳамаҷонибаи соҳа  назаррас аст.

Ҳадафи конфронс дар заминаи татбиқи амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мусоидат ба рушди устувор ва ҳамгироии иқтисоди ватанӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад.

Гуфта шуд, ки фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» ба татбиқи сиёсати давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи бозори истеъмолӣ, дастгирии рушди соҳибкорӣ дар таъминоти риояи қоидаҳои савдо, таъмини ченаки ягона ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона гардидааст.

Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти марказии идоракунии ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои сифат, бехатарии молу маҳсулот, кору хизматрасониро таҳти назорат қарор дода, ба рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат, таъминоти истифода ва риояи қоидаҳои савдо ва низоми ченаки ягона дар ҷумҳурӣ кор мебарад.

Иштирокдорони конфронс нақши стандартонӣ ва метрологияро ҳамчун узви муҳими низоми идоракунӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва дар ин замина дар такмили идоракунии истеҳсолот,  баланд бардоштани сифати маҳсулот баҳри рушди саноату таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Май 25, 2024 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд