Дар Душанбе бо иштироки беш аз 10 ҳазор ҷавони гуногункасб Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки сарояндагони шинохтаи мамлакат ва доираи беш аз 10 ҳазор ҷавонони гуногункасб дар пойтахт шоу-барномаи консертии идона, викторинаҳо ва бозиҳои ҷолиб доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хаабар доданд.
Дар барномаи фарҳангӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи Моҳвораи ҷавонон чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки васеи ҷавонон баргузор гардиданд. Чунин барномаҳо имкон медиҳанд, ки шавқу рағбати ҷавонон ба санъату фарҳанг ва суннатҳои неки ниёгон боз ҳам баланд гардад.
Бо ёдоварӣ аз дастовардҳои назаррас дар соли 2024 дар ҳаёти ҷавонону варзишгарон изҳор шуд, ки «танҳо давоми моҳи май баргузории мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии Гран — Слам Душанбе 2024 ва ба натиҷаи баланди варзишӣ ноил гардидани варзишгарони тоҷик, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Қатънома ва ҷонибдорӣ ёфтани ташаббуси байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълон гардидани 25 май – Рӯзи ҷаҳонии футбол, иштироки фаъоли ҷавонони варзишгари мамлакат дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ва таърихсозӣ кардани варзишгарон дар ин мусобиқаи муҳташами сатҳи ҷаҳонӣ аз дастовардҳои бузургу бесобиқа дар остонаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон буданд».
Муовини Раиси шаҳри Душанбе изҳор намуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонони мо дар ҳама самт фаъолияти назаррас дошта, муаррифи миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Ҳамзамон аз ташаббуси байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардидани 25 май ёдовар гардида, ин дастоварди бузургу таърихиро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан насли ҷавон таҳният гуфтанд.
Дар барнома ғолибони марафони велосипедронӣ, ки дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир шуда буд, аз ҷониби масъулони Федератсияи велосипедронӣ ва намояндаи ширкати Тселл қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сарояндагони шинохтаи мамлакат бо суруду таронаҳои ҷаззобу дилнишин хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.
Инчунин ғолибони викторинаҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»




























ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






