Дар Душанбе бо иштироки беш аз 10 ҳазор ҷавони гуногункасб Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил шуд

Май 24, 2024 13:12

ДУШАНБЕ, 24.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки сарояндагони шинохтаи мамлакат ва доираи беш аз 10 ҳазор ҷавонони гуногункасб дар пойтахт шоу-барномаи консертии идона, викторинаҳо ва бозиҳои ҷолиб доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хаабар доданд.

Дар барномаи фарҳангӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи Моҳвораи ҷавонон чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки васеи ҷавонон баргузор гардиданд. Чунин барномаҳо  имкон медиҳанд, ки шавқу рағбати ҷавонон ба санъату фарҳанг ва суннатҳои неки ниёгон боз ҳам баланд гардад.

Бо ёдоварӣ аз дастовардҳои назаррас дар соли 2024 дар ҳаёти ҷавонону варзишгарон изҳор шуд, ки «танҳо давоми моҳи май баргузории мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии Гран — Слам Душанбе 2024 ва ба натиҷаи баланди варзишӣ ноил гардидани варзишгарони тоҷик, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Қатънома ва ҷонибдорӣ ёфтани ташаббуси байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълон гардидани 25 май – Рӯзи ҷаҳонии футбол, иштироки фаъоли ҷавонони варзишгари мамлакат  дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ва таърихсозӣ кардани варзишгарон дар ин мусобиқаи муҳташами сатҳи ҷаҳонӣ аз дастовардҳои бузургу бесобиқа дар остонаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон буданд».

Муовини Раиси шаҳри Душанбе изҳор намуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонони мо дар ҳама самт фаъолияти назаррас дошта,  муаррифи миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.

Ҳамзамон аз ташаббуси байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардидани 25 май ёдовар гардида, ин дастоварди бузургу таърихиро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан насли ҷавон  таҳният гуфтанд.

Дар барнома ғолибони марафони велосипедронӣ, ки дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир шуда буд, аз ҷониби масъулони Федератсияи велосипедронӣ ва намояндаи ширкати Тселл қадрдонӣ карда шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сарояндагони шинохтаи мамлакат бо суруду таронаҳои ҷаззобу дилнишин хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.

Инчунин ғолибони  викторинаҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 24, 2024 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

БАҚОИ ТОҶИК ЗАБОНИ ТОҶИК АСТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Дар ноҳияи Ашт ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 45-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии ИДМ суханронӣ намуд
Ҳайати бонуфузи гурӯҳи Шурои директорони Бонки Осиёии Рушдро шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик ба ҳайрат овард
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади идона доир шуд
«ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ». Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе Рӯзи забони давлатӣ таҷлил шуд
4 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲАЙВОНОТ. Ба Китоби сурхи Тоҷикистон 222 намуди ҳайвонот дохил карда шудаанд
Ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи забони давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи омор иштирок доранд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера эҳтимол дорад