Дар Душанбе доир ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат машварат доир шуд, ки дар он мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва дигар масоили марбут ба ин мавзуъ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ иқдоми муҳим ва арзишманд буда, метавонад дар такмил ва танзими қонунгузории мамлакат, баланд бардоштани донишу тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандон, қонуният, баробарӣ ва адолат асоси воқеӣ гузорад.
Дар робита ба эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» ба тавсиб расид. Дар банди дуюми фармон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барои иҷрои ин фармон дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Ҳамчунин иштирокдорон иброз доштанд, ки масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ нав набуда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба истиқлолият ноил гардидани Тоҷикистон ба таври доимӣ дар мадди назари Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






