Дар Душанбе доир ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ машварат доир шуд

Май 23, 2024 17:26

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат машварат  доир шуд, ки дар он мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва дигар масоили марбут ба ин мавзуъ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ иқдоми муҳим ва арзишманд буда, метавонад дар такмил ва танзими қонунгузории мамлакат, баланд бардоштани донишу тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандон, қонуният, баробарӣ ва адолат асоси воқеӣ гузорад.

Дар робита ба эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» ба тавсиб расид. Дар банди дуюми фармон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барои иҷрои ин фармон дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Ҳамчунин иштирокдорон иброз доштанд, ки масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ нав набуда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба истиқлолият ноил гардидани Тоҷикистон ба таври доимӣ дар мадди назари Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

 АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Май 23, 2024 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳонро меомӯзанд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад