Дар Душанбе масъалаи омодагӣ ба Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию сармоягузорӣ, хусусан омодагӣ ба Форуми навбатии сармоягузории Тоҷикистон ва Покистон аз масъалаҳое буданд, ки дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар қарор дошт.
Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҳамзамон фаъолияти ширкатҳои покистонӣ дар Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, саноат, даъвати ширкатҳои покистонӣ ба Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, имконият ва имтиёзҳои сармоягузории Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон мусоҳибон татбиқи тарҳи минтақавии «CASA -1000»-ро дар самти рушди ҳамкории ояндаи энергетикӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои гуногун таъкид намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






